Мафҳум ва моҳияти истеҳсолоти судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

МАФЊУМ ВА МОЊИЯТИ ИСТЕЊСОЛОТИ СУДЇ ОИД БА ПАРВАНДАЊОИ ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРЇ

Умаров Фарњод Холмуродович котиби маљлиси судии суди ноњияи Данѓара.

Истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї падидаи давлати њуқуқбунёди демократї буда, бањри пайдо намудани тарзу усулњои самараноки њифзи њуқуқ, озодињо ва манфиатњои субъективии хусусияти оммавї доштаи инсон ва шањрванд, шахсони воқеї ва њуқуқї пайдо шудааст. Қобили зикр аст, ки қабули Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлатӣ дар самти Истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

Калидвожањо: истењсолоти судї, адолати судї, судњои маъмурї, њуќуќвайронкуниим маъмурї, истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї.

ОПРЕДЕЛЕНИЕ И СУЩНОСТЬ СУДОПРОИЗВОДСТВО ПО ДЕЛАМ ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Аннотация: Судопроизводсво по делам о административным правонарушениям являются проявлением демократического правового государства и признаны эффективными и действенными методами защиты прав, свобод и субъективных интересов человеческого и гражданского характера физических, физических и юридических лиц. Стоит отметить, что принятие Кодекса об административных правонарушениях и Процессуального кодекса Республики Таджикистан в законодательстве Республики Таджикистан для реализации правовой политики страны в сфере судопроизвоство по делам об административных правонарушениях имеет большое значение.

Ключевые слова: судопроизводство, правосудие, административные суды, административные правонарушения, судопроизводство по делам об административных правонарушениях.

DEFINITION AND ESSENCE OF LEGAL PROCEEDINGS IN CASES OF ADMINISTRATIVE OFFENSES

Annotation: Legal proceedings on administrative offenses are a manifestation of a democratic legal state and are recognized as effective and efficient methods of protecting the rights, freedoms and subjective interests of the human and civil nature of individuals, individuals and legal entities. It is worth noting that the adoption of the Code of Administrative Offenses and the Procedural Code of the Republic of Tajikistan in the legislation of the Republic of Tajikistan for the implementation of the country’s legal policy in the field of judicial proceedings in cases of administrative offenses is of great importance.

Key words: legal proceedings, justice, administrative courts, administrative offenses, judicial proceedings on cases of administrative offenses.

Таърих гувоњї медињад, ки таъсис ва инкишофи падидаи истењсолоти судии маъмурї њамчун қонуният баъд аз завол ёфтани низоми тотолитории давлатдорї сурат мегирад. Масалан, истењсолоти судии маъмурї Фаронса (трибуналњои маъмурї) баъди инқилоби соли 1848 ташкил гаштаанд, судњои маъмурии Олмон, Белгия ва Итолиё баъди љанги дуюми љањонї аз нав барқарор шудаанд.
Пошхўрии Иттињоди Шўравї яке аз сабабњои асосиии таъсиси судњои маъмурї дар давлатњои назди Балтика, Украина ва Гурљистон мањсуб меёбад. Дар Руссия ва давлатњои Осиёи Марказї адлияи маъмурї дар шакли нав, яъне бо роњи ба салоњияти судњои умумї вогузор намудани баррасии парвандањое, ки аз муносибатњои њуқуқи омма бармеоянд, таъсис дода шудааст[1].
Бояд тазаккур дод, ки дар кадом шакле набошад, њастии истењсолоти судии маъмурї, на танњо ањамияти умумиљамъиятии иљтимої, балки ањамияти ѓоявї (идеологї) низ дорад, вай њамчун падидаи демократї, кафили њифзи њуқуқи инсон аз давлат буда, бо воситаи дастгоњи расмиётиву мурофиавї њуқуқу озодињои инсон ва шањрвандро аз эњтимолияти вайронкунї аз тарафи мақомоти њокимияти давлатї, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатї муњофизат мекунад. Яъне ба сифати њимоятгари ѓояи эњтироми қонун, эњтироми њуқуқу озодињои инсон ва шањрванд баромад менамояд.
Љумњурии Тољикистон бањри пойдор намудани давлати воқеан њуқуқбунёди демократї, мувофиқ намудани низом ва падидањои њуқуқї ба стандартњои њуқуқи байналмиллалї, шомил шудан ба љараёни љањонишавї ва њамгироии манотиқї кўшиш намуда истодааст ва ин имконият медињад, ки дар љомеаи тољикистонї волоияти қонун дар асоси стандартњои муосири таъмини њуқуқ, озодї ва манфиатњои инсон ва шањрванд, аз љумла аз вайронкунињои онњо аз тарафи давлат ва мақомоти судии муъмурї пойдор бошад.
Чунин њолат, бешак зарурат ба истењсолоти судии маъмуриро рўи кор меоварад, ки вай дар асоси илм ва инкишофи қонунгузорї бояд мавқеъ ва нуфузи худро њамчун падидаи демократитарини адолати судї пайдо намояд. Бояд тазаккур дод, ки истењсолоти судии маъмурии Тољикистон њоло дар зинаи ташаккул қарор дошта, њиссаи он дар танзими муноқишањои шањрвандон ва мақомоти маъмурї, ки хусусияти њуқуқи оммаро доранд, начандон зиёд аст.
Сабаб дар он аст, ки дар Тољикистон қаблан ва имрўз истењсолоти судии маъмурии комилњуқуқ ё судњои маъмурї вуљуд надоранд. Пайваста ба ин, пешбурди мурофиавии баррасии бањсњои маъмурї-њуқуқї мавқеи ягонаи худро ишѓол накардааст. Меъёрњои мурофиавии маъмурї танзим ва кодификатсия карда нашудаанд, онњо дар қонунгузорињои мухталифи моддиву мурофиавии соњањои гуногуни њуқуқ пароканда мебошанд.
Њамин тариқ, судњои умумии Љумњурии Тољикистон дар доираи салоњиятњояшон адолати судиро пайваста ба муноқишањое, ки аз муносибатњои њуқуқи омма ва дигар муносибатњои маъмурию њуқуқї бармеоянд амалї намуда, мақсад ва вазифањои падидаи истењсолоти судии маъмурии Тољикистонро иљро менамоянд, ки онњо дар маљмўъ низом ва сохтори адлияи маъмурии Љумњурии Тољикистонро ташкил медињанд. Бо баробари њамин падидаи истењсолоти судии маъмурї дар Љумњурии Тољикистон ниёз ба тадқиқоти илмии комплексї дошта, њамзамон такмили қонунгузорињо, қабул намудани қонунњои нави падидавиро тақозо менамояд. Дар ин кор омўзиши таљрибаи истењсолоти судии маъмурии давлатњои Англя, Франсия, Германия, Љумњурии исломии Эрон, инчунин таљрибаи тањия ва қабули қонунгузорињо марбут ба истењсолоти судии маъмурии, бахусус, дар давлатњои назди Балтика, Украина, Гурљистон, Арманистон ва Озарбойљон аз манфиат холї нест[2].
Қобили зикр аст, ки қабули Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлатӣ натиҷаҳои назаррас дода истодааст.
Кодексҳои мазкур дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан амали худро ба ҷараёни рушду инкишофи системаи ҳуқуқии мамлакат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва таҳкими ҳокимияти судӣ нигаронидааст.
Саривақт, ҳаматарафа, пурра ва холисона муайян кардани ҳолатҳои кор доир ба ҳар як парванда, ҳаллу фасли он мутобиқи қонунгузорӣ, таъмини иҷрои қарори қабулшуда, инчунин муқаррар намудани сабабу омил ва ҳолатҳое, ки барои пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат менамоянд, дар руҳияи риояи қонунҳо тарбия намудани шаҳрвандон ва таҳкими қонуният аз муҳимтарин вазифаҳои шахсони мансабдоре мебошад, ки ваколати баррасї намудани парвандањои њуќуќвайронкунии маъмуриро доранд[3].
Бо тањкими ќонуният ва ташаккули инсон наќши фаъолияти суд дар робита ба амалї намудани вазифањои судї меафзояд. В.И. Ленин тазаккур дода буд, ки «суд маќоми њокимият њаст», «фаъолияти суд яке аз бахшњои фаъолияти давлат мебошад», «он яке аз вазифањои идоракунии давлатї аст». Вай зикр карда буд, ки фаъолияти суд «олоти тарбия бар пояи устувори љомеа мебошад», зеро «суд олоти тарбияи интизом аст». В. И. Ленин меомўзонд, ки њангоми баррасии парвандаи мушаххас «њамаи риштањои иљтимоию сиёсии њуќуќвайронкунї ва ањамияти онро бояд ошкор кард ва феълан тафсир намуд то аз суд дарси ахлоќи иљтимої ва сиёсати амалї њосил гардад. Ин дастур дар партави амалї намудани конститутсияи давлати соњибистиќлол ањамияти махсус касб мекунад. Он ба кафолатњои судии њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шањрвандон ањамияти кафолатњои конститутсионї мебахшад. Суд дар фаъолияти худ дастурњои меъёрии идеявиро, ки дар ќонун сабт гардидаанд, бо тарзи мушаххас таблиѓ мекунад ва интишор медињад. Мундариљаи иљтимоии иитењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї дар робита ба амалї кардани адолати судї дар он аст, ки он бояд суботи тартиботи њуќуќиро дар давлат таъмин намояд.
Истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї шакли махсуси фаъолияти давлатї мебошад, ки танњо ва танњо аз тарафи суд амалї карда мешавад. Њељ маќомоти дигар њуќуќ надорад, ки истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмуриро амалї намояд. Дар њар парвандаи њуќуќвайрронкунии маъмурии баррасишаванда аз тарафи суд амалї кардани адолати судї ба он маънї аст, ки ин парванда тибќи тартиботи пешбиникардаи ќонун муњокима мегардад ва он мутобиќи воќеият њал карда мешавад, аз рўи парванда њаќиќати айнї муќарар мегардад ва ќарори ќонунї ва бо асос бароварда мешавад. Дар он масъалаи воќеаи њуќуќвайронкунї, гунањгории њуќуќвайронкунанда дуруст њал мегардад. Рафтори вай ташхис мегардад ва дар сурати эътироф гардидани гуноњи шахси мушаххас, чораи љазо дида мешавад.
Равишњои амалї намудани адолати судї аз рўи парвандањои њуќуќвайронкуниим маъмурї чунин тавсиф карда мешавад: Адолати судї дар Љумњурии Тољикистон аз тариќи дар маљлиси суд баррасї кардани парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї ва ба кор бурдани чорањои љазо (ки ќонун муќаррар кардааст) нисбат ба шахсони гунањгор амалї карда мешавад.
Њама фаъолияти суд дар робита ба амалї намудани истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї дар шакли мурофиавие, ки ќонун пешбинї кардааст, љараён мегирад. Он воситаи муњими амалї кардани вазифањои адолати судї ба шумор меравад.
Хислати хоси истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї њамчун навъи мустаќили фаъолияти давлатї бо аломатњои зерин тавсиф карда мешавад:
1) Истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї навъи махсуси фаъолияти давлатї мебошад, ки аз тарафи маќоми махсуси давлат – суд амалї карда мешавад. Њадафи он мубориза алайњи кирдорњои маъмурї аст[4];
2) Истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї аз роњи дар шакли мурофиавии муќарраркардаи ќонун муњокима ва њал кардани парвандаи маъмурї амалї карда мешавад.
Гузашта аз ин он аз тариќи ба кор бурдани чораи љазо нисбат ба ашхоси дар содир кардани кардани парвандаи маъмурї гунањгор донисташуда амалї карда мешавад.
Тибќи аломатњои зикршуда аз рўи парвандањои маъмурї ба истењсолои судї метавон чунин таъриф дод. Истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї ин навъи махсуси фаъолияти давлатї мебошад, ки аз тарафи суд дар шакли мурофиавии пешбининамудаи ќонун аз тариќи дар маљлиси судї муњокима ва њал кардани парвандањои маъмурї амалї карда мешавад. Гузашта аз ин вай аз тариќи њалли масъалаи ба кор бурдани чорањои љазо нисбат ба ашхоси дар содир кардани кирдори маъмурї гунањгор донисташуда, пешгирї ва аз миён бурдани њуќуќвайронкунињои маъмурї амалї карда мешавад.
Суд ягона маќоми њокимияти давлатї мебошад, ки истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмуриро амалї мекунад, дар њоле, ки амалї кардани адолати судї вазифаи ягонаи суд аст.
А. С. Дургенец ба ањамияти амалї намудани вазифаи тарбиявии истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї такя намуда, чунин мешуморад, ки суд дар радифи вазифаи адолати судї вазифаи тарбиявиро низ анљом медињад. Ба назар мерасад, ки суд вазифаи адолати судиро амалї намуда, бо он вазифаи тарбиявии истењсолоти судии маъмуриро иљро мекунад. Бинобар ин далели кофї вуљуд надорад, ки аз вазифаи адолати судї унсури људогонаи он, яъне таъсири тарбиявии фаъолияти судиро људо карда ба вай сифати вазифаи мурофиавї дињем[5]. М. Я. Масленников зикр менамояд, ки «дар чањорчўбаи амалї намудани вазифањои асосии мурофиавї ширкаткунандагони мурофиа вазифањои тарбиявии истењсолоти судиро низ иљро мекунанд».
Д. Н. Бахрах чунин мешуморад, ки истењсолоти судї маъмурї аз тарафи суд «натанњо аз тариќи баррасї ва њалли парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї амалї карда мешавад» [6].
Парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурие, ки И. В. Панова ном мебарад, на дар муњокимаи судї, балки ба таври инфиродї аз тарафи судя баррасї мегардад.
Бояд ба андешаи Р. И. Денисова ва В. И. Жулева розї шуд. Онњо зикр менамоянд, ки баррасии парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурие, ки аз тарафи судяњо ба таври инфиродї анљом дода мешавад, яке аз навъњои фаъолияти њифзи њуќуќ ба шумор меравад. Аммо дар муќоиса бо адолати судї он ба воситаи равишњои дигар амалї карда мешавад. Ин равиш бо он тафсир карда мешавад, ки судя барои содир кардани рафтори маъмурї љазои сахт ба кор мебарад. Билохира, Ю. П. Соловей, В.К. Н. П. Балашовой, В. П. Митина ва дигарон мепиндоранд, ки судњои маъмуриро наметавон чун амаликунандаи вазифаи адолати судї баррасї кард[7].
Н. Г. Салищева њадафи истењсолоти судии маъмуриро чунин муайян мекунад: «Њадафи мурофиаи маъмурї аз рўи парвандаи маъмурї ошкор кардани њаќиќат, муќаррар намудани гунањгории шахс дар содир кардани њуќуќвайронкунии маъмурї ва љазои одилона додан ба шахсе, ки њуќуќвайронкунии маъмурї содир кардааст, аз гунањкории беасос њимоя кардани шахси бегуноњ ва расонидани таъсири тарбиявї ба шањрвандон мебошад» [8].
Бо мақсади татбиқи дуруст ва якхелаи меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқ¬вайронкунии маъмурӣ дар судҳои марҳилаи якум, дар асоси моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ќарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 нояби соли 2013 тањт №10 “Оид ба тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судҳои марҳилаи якум” ќабул карда шудааст.
Судяњо зимни пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вазифадоранд, принсипи қонуниятро ба роҳбарӣ гирифта, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷики¬стон, КҲМ, КМҲМ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, онҳоро дақиқ ва якхела татбиқ намоянд.
Пешбурди истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва баррасии онҳо аз ҷониби судяҳо, ки ваколати баррасии чунин парвандаҳоро доранд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Истењсолоти судии маъмурї ду намуди фаъолияти судиро дар бар мегирад: яъне аз тарафи судњо амалї намудани функсияњои назоратї нисбати ќонунї будани санадњои маќомоти маъмурї ва баррасї намудани парвандањо марбут ба њуќуќвайронкунии маъмурї[9].
Ба андешаи мо танњо аз љониби судњо баррасї намудани парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї ва амалњои вобаста ба он анљомдодашавандаро амалњои мурофиавии маъмурї номидан мумкин аст, зеро дар байни онњо суд ягона маќомоте мебошад, ки ба натиљаи баррасии парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї ягон хел манфиат надорад. Дигар маќомот бошад худашон парвандаи њуќуќвайронкунии маъмуриро оѓоз намуда худашон онро моњиятан баррасї намуда, нисбати њуќуќвайронкунанда љазо татбиќ менамоянд. Дар ин гуна парвандањо маќомоти маъмурии давлатї, ки љазоро татбиќ менамояд ва шахси њуќуќвайронкунанда тарафњои парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї мебошанд ва байни онњо муносибатњои моддии вобаста ба њуќуќвайронкунии маъмурї ба миён меоянд, на муносибатњои мурофиавї.
Дар радифи такмили минбаъдаи њокимияти судии кишвар, аз љумла нақши истењсолоти судии маъмуриро ба назар гирифта Пешвои Миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии хеш бахшида ба љашни 20-солагии қабули Конститутсия Љумњурии Тољикистон 5- ноябри соли 2014 қайд намуд, ки тањкими минбаъдаи њокимияти судї њамзамон барои пешрафти соњањои мухталифи њаёти кишвар, тањкими ризоияти љомеа, баланд гардидани обрўву эътибори мардуми тољик дар сатњи байналмиллалї, пойдории кишвар, таъмини қонунияту адолати иљтимої ва эъмори љомеаи демокративу њуқуқбунёд нақши муњиму арзанда мегузорад.
Бинобар он сарвари давлат таъкид доштанд, ки судяњо бояд барои мунтазам бењтар кардани фаъолияти касбї, баланд бардоштани донишњои назариявию амалии худ кўшиш карда, барои баррасии одилона ва саривақтии мурољиатњои шањрвандон ва парвандањои маъмурї чорањои зарурї андешанд ва њамеша дар хотир дошта бошанд, ки рисолати аслии хизмати онњо пойдории адолати судї мебошад.
Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо бо назардошти масъалаҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
— такмил додани қонунгузории маъмурӣ бо мақсади марҳила ба марҳила кам намудани субъектони баррасикунандаи парвандаҳои маъмурӣ, васеъ кардани салоҳияти судҳо оид ба баррасии ин парвандаҳо.
— ҳалли масъалаи ҷавобгарӣ барои таҳдиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар шарикӣ содир намудани он;
— мувофиқа кардани андозаи ҳадди болоии санксияҳои љаримавӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бо андозаи ҳадди ақали санксияҳои ҷаримаи қисми умумии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— барои пешгирӣ намудани амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта ҳадди ниҳоии ҷарима бардошта шавад;
— мувофиқа намудани сохтор ва муқаррароти қисми махсуси Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— қабули Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моҳиятан васеъ намудани салоҳияти судҳо оид ба таъини ҷазои маъмурӣ;
— таҷдиди назар намудани Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шањрвандон».
— такмили механизми тайёр намудани кадрҳои судӣ ва такмили ихтисоси судяҳо дар самти баррасии парвандањои њукуќвайронкунии маъмурї;
— таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар самти баррасии парвандањои њукуќвайронкунии маъмурї;
— таъмини минбаъдаи махсусгардонии судҳо ва судяҳо дар ҳайати судҳои юрисдиксияи умумӣ ҷудо намудани ҳайатҳои махсусгардонидашуда ҷиҳати баррасии парвандаҳои маъмурӣ ва парвандаҳои њуќуќвайронкунии маъмурї нисбати ноболиғон;
[1] Чечина Н. А. Рассмотрение судами дел, возникающих из административно-правовых отношений // Правоведение. 1994. — № 5-6.
[2] Зеленцов А.Б. Административная юстиция как форма административной юрисдикции // Материалы семинара. Проблемы административной юстиции. -М.: Ста- тут, 2002. – С.34-40.
[3] Иброњимов С. И. Адлияи маъмурї дар Љумњурии Тољикистон: падидаи њифзи судии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандон. – Душанбе, 2011, 264 с.сањ 203.
[4] Старилов Ю. Н. Производство по делам об административных правонарушениях и административный процесс // Актуальные проблемы применения Кодекса Российской Федерации об административных правонарушениях: мат-лы Всерос. науч.-практ. конф. Омск, 2004.
[5] Дугенец А. С. О принципе своевременности в производстве по делам об административных правонарушениях // Вопросы совершенствованияправоохранительной деятельности органов внутренних дел: межвуз. сб. науч. тр. адъюнктов и соискателей. М., 1996. — Ч. 1.
[6] Бахрах Д. Н., Ренов Э. Н. Производство по делам об административных правонарушениях. М., 1989.
[7] Салищева Н. Г. Судебное производство по делам о проверке законности постановлений по делам об административных правонарушениях// Судебное рассмотрение административных дел: правовая реальность и перспективы развития. М., 2002.
[8] Сорокин В. Д. Правовое регулирование: Предмет, метод, процесс (макроуровень). СПб., 2003.
[9] Иброњимов С. И. Адлияи маъмурї дар Љумњурии Тољикистон: падидаи њифзи судии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандон. – Душанбе,2011, 264 с.сањ 203-204.

Истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї падидаи давлати њуқуқбунёди демократї буда, бањри пайдо намудани тарзу усулњои самараноки њифзи њуқуқ, озодињо ва манфиатњои субъективии хусусияти оммавї доштаи инсон ва шањрванд, шахсони воқеї ва њуқуқї пайдо шудааст. Қобили зикр аст, ки қабули Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлатӣ дар самти Истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

Калидвожањо: истењсолоти судї, адолати судї, судњои маъмурї, њуќуќвайронкуниим маъмурї, истењсолоти судї оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї.

ОПРЕДЕЛЕНИЕ И СУЩНОСТЬ СУДОПРОИЗВОДСТВО ПО ДЕЛАМ ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Аннотация: Судопроизводсво по делам о административным правонарушениям являются проявлением демократического правового государства и признаны эффективными и действенными методами защиты прав, свобод и субъективных интересов человеческого и гражданского характера физических, физических и юридических лиц. Стоит отметить, что принятие Кодекса об административных правонарушениях и Процессуального кодекса Республики Таджикистан в законодательстве Республики Таджикистан для реализации правовой политики страны в сфере судопроизвоство по делам об административных правонарушениях имеет большое значение.

Ключевые слова: судопроизводство, правосудие, административные суды, административные правонарушения, судопроизводство по делам об административных правонарушениях.

DEFINITION AND ESSENCE OF LEGAL PROCEEDINGS IN CASES OF ADMINISTRATIVE OFFENSES

Annotation: Legal proceedings on administrative offenses are a manifestation of a democratic legal state and are recognized as effective and efficient methods of protecting the rights, freedoms and subjective interests of the human and civil nature of individuals, individuals and legal entities. It is worth noting that the adoption of the Code of Administrative Offenses and the Procedural Code of the Republic of Tajikistan in the legislation of the Republic of Tajikistan for the implementation of the country’s legal policy in the field of judicial proceedings in cases of administrative offenses is of great importance.

Key words: legal proceedings, justice, administrative courts, administrative offenses, judicial proceedings on cases of administrative offenses.

Адабиётњои истифодашуда:
1. Иброњимов С. И. Адлияи маъмурї дар Љумњурии Тољикистон: падидаи њифзи судии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандон. – Душанбе,2011, 264 с.
2. Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон (АМОЉТ с. 2008, №12, ќ 1, м. 989. м.990; с. 2009, №5, м. 321; с. №9-10 мод.543; с.2010, №1, м. 2., м.5; с.2010 №3, м.153; с.2010, №7, мод.547; с.2010, №12, ќ.1, м.812; с.2011,№6, м. 430, 431, с.2011, №7-8, м.610; с.2011, №12, м.838; с.2012, №4, м.256; с.2012, №7, 685, 693 с.2012, №8, м. 814; с.2012, №12, ќ.1, м.1004; Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 19.03.2013, №938).
3. Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон (АМОЉТ с. 2013, №7, мод.502; с.2014, №3, мод.145; №7,ќ.1, мод.391) аз 22. июли соли 2013, тањти № 975.
4. Зеленцов А.Б. Административная юстиция как форма административной юрисдикции // Материалы семинара. Проблемы административной юстиции. -М.: Ста- тут, 2002. – С.34-40.
5. Панова И.В. Понятия административной юстиции, административного судопроизводство, административного процесса // Материала семинара. — М.: Статут, 2002.- С. 114-126.
6. Старилов Ю.Н. Административная юстиция. Проблема теории. Воронеж.1998. с.97.
7. Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомали Рахмон дар маљлиси тантанавї бахшида ба таљлили 20-умин солгарди Конститутсия Љумњурии Тољикистон 5 ноябри соли 2014, Садои мардум № 130 (3276) аз 6 ноябри
8. соли 2014.
9. Административное право. Конспект лекций. / Редактор: С.А. Новиков, Е.Г. Четверникова. – М.: «Приор-издат», 2005. – 128с.
10. Административное право: Учебник /Под ред. проф Ю. М. Козлова.- М,: «Юристъ», 1999. – 728с.
11. Курс административного права и процесса. / Ю.А. Тихомиров. – М., 1998. – 798с.
12. Ќонуни ЉТ «Дар бораи хизмати давлатї» аз 5 марти соли 2007. №233 //АМО ЉТ. 2007. № 3. М. 166.
13. Административное право: Учебник / Под ред. Л.Л. Попова. М., 2002.
14. Бахрах Д.Н. Административное право России. Учебник для вузов. М., 2000.
15. Административное право: Учебник /Под ред. проф Ю. М. Козлова. – М.: Юрист, 1999.- 728с