Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкимбахши мақсаду маром ва фаъолияту зиндагии мо ҷавонон аст

Котиби маҷлиси судии Суди ноҳия Умаров Фарҳод Холмуродович

Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ яке аз падидаҳои нави муҳим дар идоракунии давлат ва амалинамоии сиёсати давлатӣ баъд аз ба даст овардани истиқлолият буда роҳнамо ва таҳкимбаши марому мақсади зиндагии мо ҷавонон аст.
Хусусияти хоси санади мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ин санад моҳияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ фаро мегирад. Аз ин рў, тарҳрезӣ ва амалинамоии ин сиёсат яктарафа – танҳо аз ҷониби мақомоти иҷроия дар симои Президенти мамлакат сурат нагирифта, он дар алоқамандӣ бо ниҳоду сохторҳои дигари давлатӣ пеш аз ҳама дар ҳамкорӣ бо ҷавонони созандаю бунёдкори кишвар амалӣ мегардад.
Мо ҷавонони саодатманди кишвар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ Паёми имсолаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро интизор будем. Зеро Паём саодатномаи миллат, меҳвари пешбарандаи ҷомеа, раҳнамои фаъолияту зиндагии мо ҷавонон буда, дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Хушбахт ва сарфароз аз онем, ки дар Паёми имсола боз масъалаҳое, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт ва Ҳукумати мамлакат муваззаф гардид, ки ҷиҳати дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи мо ҷавонон чораҳои амалӣ андешад.
Мо ифтихор ва сарбаланд аз онем, ки сазовори боварии боэътимоди Пешвои миллат, роҳбари муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем.
Зимни ироаи Паём Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин нуқтаҳои ҳаётан муҳимро нисбати мо ҷавонон ироа намуданд: «Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.

Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем».
Ин нуқтаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии мо ҷавонони хуштолеъи диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то, ки ба қадри неъматҳои бебаҳо ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллати хеш бирасем.
Имрӯз вақти он расидааст, ки бо сари баланду рӯи сурх бо истифода аз дастгириву пуштибонӣ ва такягоҳии Пешвои миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишамонро мукаммал ва ҷаҳонбиниамонро васеъ намуда, дар баробари омӯхтани забони модарӣ ва илму дониш, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, истифодаи моҳиронаи технологияи муосир ва дастовардҳои соҳаи компютериро пеша намоем, ки ин масоил дар Паёми имсолаи Сарвари давлат бори дигар таъкид гардид.
Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ таккондиҳанда ва илҳомбахшандаи фаъолияти мо ҷавонон дар ҷомеа гардида, мо ҷавонон масъулияти бузурги давлатдорӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рузафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан тадбирҳои судмандро андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.
Дар анҷом итминон дорам, ки ҷавонон парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагиву бунёдкориҳоро баланд афрохта, доимо дар сафи пеши созандагони Ватан қадам гузошта, ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрузу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд!