Котиби маљлиси судии суди ноњияи
Умарзода Фарњод Холмурод
Парвандаи чиноятй рўзи номнавис шудан ба судя тањти имзо супорида шуда, дар ин бора ба дафтар ва вараќаи бањисобгирии оморї маълумот ворид карда мешавад. Марњилаи ба мухокимаи судї омода намудани парвандаи љиноятй аз рузи ќабули ќарор дар бораи таъини мухокимаи судй ва омодагй ба он оѓоз мегардад. Котиби маљлиси судї ўњдадор аст бо ќарори судя дар бораи таъини муњокимаи судй шинос шуда, иљроиши пурра ва сариваќтии онро таъмин намояд. Дар марњилаи омодагї ба муњокимаи судї котиби маљлиси судї амалњои зеринро анљом медињад:
— маълумотњоро дар бораи таъини муњокимаи судй бо ишораи насаб, ном ва номи падари судшаванда, ваќт ва мањалли маљлиси судї ба руйхати парвандањои љиноятй, ки барои баррасй таъин шудаанд ворид намуда, дар даромадгоњи суд насб менамояд ё дар сомонаи суд љой мекунад;
— дар холатњои зарурї машваратчиёни халќиро (машваратчии халќи эњтиётй — бо парвандањои љиноятй вобаста ба љиноятњои махсусан вазнин, ки муњокимаи судии онњо муддати дарозро талаб менамояд) љињати иштирок дар баррасии парвандаи љиноятй љалб намуда, ба онњо барои шинос шудан бо парвандаи љиноятй шароит фарохам меоварад;
— дар њолатњои зарурї тарљумонро љињати иштирок дар баррасии парвандаи љиноятй љалб намуда, пешакй салоњиятнокии ўро муайян менамояд;
— ба айбдоркунандаи давлатї, њимоятгар, њимоятгари љамъиятй, судшаванда, љабрдида, даъвогари гражданй, љавобгари гражданй, намояндагони онњо барои шинос шудан бо парвандаи љиноятй шароит фароњам меоварад;
— ариза, дархост, шикоят ва дигар мурољиатњои воридшударо бо иљозати раисикунанда ба парвандаи љиноятй њамроњ намуда, нусхаи онњоро ба дигар иштирокчиёни мурофиаи љиноятй ирсол менамояд;
— дар мухлати на камтар аз панч шабонаруз шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи ваќт ва мањалли баррасии парвандаи љиноятй огоњ намуда, ба онњо мактуб, хабарнома ва даъватномаи судї ирсол менамояд;
— дар сурати кабул шудани карори судя дар бораи таѓйир додани чораи пешгирй, ба судшаванда ва љабрдида нусхаи онро ирсол менамояд;
— дастхати шоњидон, дастхати тарљумон ва дигар њуљљатњои зарурии мурофиавиро пешакй омода менамояд;
— толори судї ё љойи дигари баргузории мурофиаи судиро пешакй омода менамояд;
-дигар чорањоро оид ба тайёрї ба муњокимаи судй бо супориши раисикунанда меандешад.
Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 261 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (судя оид ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:
-дар бораи таъин намудани маҷлиси суд;
-дар бораи баргардонидани парванда ба тафтиши иловагӣ;
-дар бораи боздоштани пешбурди парванда;
-дар бораи тибқи тобеияти судӣ фиристодани парванда;
-дар бораи қатъ кардани парванда.
Судяҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки ҳуқуқ надоранд дар як вақт ва бо як қарор парвандаро ба маҷлиси судӣ таъин намуда, пешбурди онро боздоранд ё ин ки парвандаро тибқи тобеияти судӣ фиристонанд. Қарори судя бояд дар мӯҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарӯз, бо парвандаҳои ба тариқи пешбурди суръатнок ба анҷомрасонидашуда на дертар аз панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи ба суд ворид шудани парванда қабул карда шавад.
Барои парвандаҳои мураккаб ва ҳаҷман калон мӯҳлат мумкин аст бо қарори раиси суд то як моҳ дароз карда шавад. Мӯҳлати мазкур барои қабули қарор аз рӯи парвандаи мураккаб ниҳоӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки парвандаи ҷиноятӣ дар сурате ба муҳокимаи судӣ таъин мегардад, агар он тобеияти суди мазкур бошад ва ҳолатҳои қатъ кардан ё барои тафтиши иловагӣ баргардонидани он вуҷуд надошта, инчунин дигар масъалаҳои дар моддаи 262 КМҶ номбурда муайян карда шуда бошанд.
Бояд ба эътибор гирифт, ки дар парванда мавҷуд набудани қарор дар бораи таъини муҳокимаи судӣ ба таври ҷиддӣ вайронкунии қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дониста шуда, тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 375 КМҶ асос барои бекор кардани санадҳои қабулнамудаи судӣ ва баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ ба баррасии нави судӣ аз марҳилаи таъини маҷлиси судӣ мегардад.
Судя ҳангоми ошкор кардани вайронкунии ҷиддии қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, инчунин дигар вайронкуниҳое, ки дар суд бартараф кардани онҳо имконнопазир аст, бояд бо қарори худ парвандаро ба тафтиши иловагӣ баргардонад. Аз ҷумла, риоя нагардидани ҳуқуқи гумонбаршуда ё айбдоршаванда ба ҳимоя, тибқи моддаҳои 47-48 КМҶ риоя нагардидани забони пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, дар сурате ки гумонбаршуда ё айбдоршаванда забони мурофиаро надониста бо тарҷумон таъмин нашудааст, аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи айбдоркунии хусусӣ, гузаронидани тафтиши пешакӣ нисбати шахс бе оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ғайраҳо ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дониста мешаванд.
Судяҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки масъалаи тобеияти судии парвандаҳои ҷиноятӣ бо тартиби боби 30 КМҶ пешбинишуда ҳал мегардад.
Агар судя ҳангоми ҳалли масъала ҷиҳати таъини муҳокимаи судӣ муайян намояд, ки парвандаи ҷиноятии воридшуда тобеияти суди мазкур намебошад, бо қарори худ онро аз рӯи тобеияти судӣ равон менамояд.
Баҳсҳо дар бораи тобеияти судӣ байни судҳо нораво мебошанд. Ҳама гуна парвандае, ки бо тартиби пешбиникардаи моддаҳои 258 ва 259 КМҶ аз як суд ба суди дигар ирсол гардидааст, бояд аз ҷониби суде, ки ба он равон карда шудааст, бечунучаро барои пешбурд қабул карда шавад.
Тибќи Ќарори Пленуми Суди Олии Љумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2011 тањти №9 “Дар бораи таҷрибаи аз тарафи судяҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ марбут ба таъини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он” њангоми ҳалли масъала ҷиҳати таъини маҷлиси судӣ ва омодагӣ ба он, агар муайян гардад, ки нусхаи фикри айбдоркунӣ ё қарори оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ оид ба пешбурди суръатнок ба айбдоршаванда супорида нашудааст, он гоҳ судя парвандаро ба прокурор барои иҷро кардани талаботи қисми 1-и моддаи 250 КМҶ, ки мувофиқи он ҳангоми тасдиқ намудани фикри айбдоркунӣ прокурор вазифадор аст ба айбдоршаванда супоридани нусхаи фикри айбдоркунӣ ва замимаи онро таъмин кунад, бармегардонад. Ҳамчунин, дар парванда ҷой доштани ҳолати он ки бо дархости ҳимоятгар ё ҷабрдида ба онҳо нусхаи фикри айбдоркунӣ насупорида шуда бошад, дар ин ҳолат ҳам судя парвандаро ба прокурор бармегардонад.
Инчунин ҳангоми баррасии масъалаи таъини муҳокимаи судӣ аз рӯи парвандаи ба суд воридшуда бояд ба тариқи дахлдор асоснокии интихоби намуди чораи пешгириро нисбати айбдоршаванда мавриди санҷиши дақиқ қарор диҳанд.
Дар сурати муайян намудани ҳолати он ки нисбати шахсе, ки ҷинояти вазнин, махсусан вазнин ё дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содирнамуда, аз тарафи мақомоти тафтиши пешакӣ чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат интихоб шудааст ё баръакс нисбати шахсе, ки бори аввал ҷинояти начандон вазнин ва дараҷаи миёнаро содир намудааст ва чораи пешгирӣ нисбаташ дар намуди ба ҳабс гирифтан интихоб гардидааст, судя ҳуқуқ дорад бо қарори худ чораи пешгириро нисбати онҳо тағйир диҳад.
Мутобиқи талаботи моддаи 263 КМҶ, агар судя муайян намояд, ки дар парванда асосҳои монеашаванда барои баррасии парванда дар маҷлиси судӣ мавҷуд намебошанд, он гоҳ дар бораи таъини маҷлиси судӣ қарор бароварда, масъалаи ҷой ва вақти муҳокимаи судӣ, иштирок доштани ҳимоятгар, ба шарте, ки иштироки вай ҳатмӣ бошад, шахсоне, ки ба маҷлиси судӣ даъват карда мешаванд, инчунин масъалаи дар маҷлиси пӯшида ва ё ошкорои судӣ баррасӣ кардани парвандаро дар асоси моддаи 273 КМҶ ҳал менамояд. Тарафҳо бояд дар мӯҳлати на камтар аз панҷ шабонарӯз дар бораи вақти оғози муҳокимаи суд огоҳ карда шаванд.
Тибќи талаботи моддаи 262 КМЉ ЉТ њангоми ба суд ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ судя бояд ҳолатҳои зеринро муайян кунад ва баъдан парвандаи љиноятиро таъин намояд:
— парванда таҳти тобеияти ҳамин суд қарор дорад ё не;
— ҳолатҳое, ки боиси қатъ ё боздоштани пешбурди ҳамин парванда мегарданд, вуҷуд доранд ё не;
— ҳангоми пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, ки барои таъин намудани маҷлиси суд монеа шуда метавонад, роҳ дода шудааст ё не;
— нусхаи фикри айбдоркунӣ ё қарори оѓоз намудани парвандаи ҷиноятӣ оид ба пешбурди суръатнок супурда шудаанд ё не;
— чораи пешгирии интихобгардидаро таѓйир додан ё бекор кардан зарур аст ё не;
— ҷиҳати таъмини рўёнидани товони зарар, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонида шудааст ва эҳтимоли мусодираи молу мулк чора андешида шудааст ё не;
— ариза ва дархостҳо қобили қонеъ гардониданианд ё не.
Котиби маљлиси судї рўзи огози маљлиси судй ва минбаъд то ба итмом расидани парвандаи љиноятй амалњои зеринро анљом медињад:
— њозир шудани шахсонеро, ки бояд дар маљлиси судй иштирок кунанд пешакї тафтиш намуда, дар ин бора ба раисикунандаи парвандаи љиноятй ахборот пешнињод менамояд. Дар сурати њозир нашудани шахсони даъватшуда барои таъмини њозиршавии онњо чорањо меандешад:
— бо супориши раисикунандаи парвандаи љиноятї амалњои дигарро ба иљро мерасонад.
Котиби маљлиси судй баъди ба итмом расидани парвандаи љиноятї ухдадор аст:
— бо парвандаи љиноятї, ки аз руї онњо судшаванда дар хабс нигоњ дошта мешавад, дар муњлати на дертар рузи дигари ба итмом расидани баррасии парвандаи љиноятй нусхаи санади судй ё иќтибоси онро ба тавкифгоњи тафтишотї ирсол намояд;
— дар муддати на дертар аз панљ шабонаруз аз лањзаи ба итмом расидани баррасии парвандаи љиноятй ё боздошта шудани пешбурди парвандаи љиноятй протоколи маљлиси судиро тањия ва имзо намояд;
— дар мухдати на дертар аз панљ шабонаруз аз лањзаи ба итмом расидани баррасии парвандаи љиноятї нусхаи санади судиро (њукм, таъинот, ќарор) ба мањкумшуда ё сафедшуда, дар њамин муњлат нусхаи санади судї (њукм, таъинот, ќарор) ба айбдоркунандаи давлатй ва ба истиснои парвандањое, ки дар маљлиси пушидаи судй баррасй карда мешаванд ба химоятгар, љабрдида, даъвогари гражданй, љавобгари гражданй ва намояндагони онњо бо дархости шахсони зикргардида супорад;
— дар муддати на дертар аз се рузи корй аз рузи воридшавй нусхаи шикоят ва эътирозњои нисбати санади судй овардашударо ба мањкумшуда ё сафедшуда супорад. Дар њамин муњлат њимоятгар, айбдоркунанда, љабрдида ё намояндаи ў, инчунин даъвогари гражданй, љавобгари гражданй ва намояндагони онњоро, ба шарте, ки эътироз ё шикоят ба манфиати онњо дахолат кунад, огоњ намуда, фањмонад, ки онњо њуќуќ доранд, бо шикоят ё эътироз шинос шаванд ва ба таври хаттй эродњои худро ба шикоят ё эътироз пешнињод кунанд. Бо хоњиши онхо раисикунанда нусхаи эътироз ё шикоятро, ки тарафи дигар додааст, ба онњо месупорад. Эродњое, ки нисбат ба эътироз ё шикоят расидаанд, ба парванда хамроњ мекунад.
Парвандаи љиноятї бояд дар муњлати на дертар аз се руз аз рузи эътибори конунй пайдо кардани санади судй ба шўъбаи коргузорї супорида шавад.
Котиби маљлиси судї дар бораи љараёни муњокимаи судї, таъини муњокимаи судї, мавќуф гузоштан, боздоштан, аз нав оѓоз намудан ва натиљаи баррасии парванда ва маводњо барои ворид намудани маълумотњои зарурй ба вараќаи баќайдгирии оморй ба шахси масъули шўъбаи коргузорй маълумот пешнињод менамояд.
Котиби маљлиси судй парванда ва маводњоро бо пайдарњамии хронологї бо ришта духта, сахифагузорй ва руйхат карда ба шўъбаи коргузорй месупорад.
Котиби маљлиси судї ё котиби суд дар мухлати 3 руз пас аз эътибори конунй пайдо кардани хукм ё таъиноти суди марњилаи якум аз руи «Дастурамал дар бораи тартиби ягонаи ќабул, баќайдгирї, бањисобгирї, њал намудани ариза, хабар ва дигар маълумотњо дар бораи љиноят ва њодисањо » шакли 6-ро ба маркази иттилоотї-тањлилї ирсол намояд.
Коргузорй бо парвандахои айбдоркунии хусусї тибќи Дастурамал оид ба коргузорї дар судњои Љумњурии Тољикистон анљом дода шуда, дар дафтари алоњида ба ќайд гирифта мешавад.
Нисбат ба шахсе, ки ќарори бекорнашудаи тањќиќбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси ќатъ кардани пешбурди парвандаи љиноятй ё карор дар бораи радди оѓози парвандаи љиноятй оид ба хамон айбдоркунй вуљуд дошта бошад, аризаи айборкунии хусусї бо мактуби тавзехотй ба айбдоркунандаи хусусй баргардонида мешавад.
Аз руи аризањое, ки хилофи талаботи моддаи 354 КМЉ Љумњурии Тољикистон буда дар асоси моддаи 355 КМЉ Љумњурии Тољикистон бо ќарорњои далхдори судя њихати баррасї кабул намудани аризаро рад шудаанд, нусхаи карор бо ариза ва замимањои он дар суди марњилаи якум дар рўзи ќабули чунин ќарор ба аризадињанда баргардонида шуда, нусхаи аслии ќарор, нусхаи ариза ва мактуби роњбаладї дар бораи баргардонндани њуљљатњо дар бастаи алоњида нигоњ дошта мешаванд.
Дар сурати таъин намудани парвандаи айбдоркунии хусусї ба маљлиси суди дар вараќањои омории шакли дахлдор, ки «Дастурамал дар бораи тартиби ягонаи ќабул, баќайдгирй, бањисобгирй, хал намудани ариза, хабар ва дигар маълумотњо дар бораи љиноят ва њодисањо» муќаррар менамояд, пур карда мешавад.
Аз Суди Олии Љумњурии Тољикистон тибќи таќсимоти ракамњои баќайдгирии парвандањои љиноятй ба субъектони баќайдгирї (судњо) ва бањисобгирии Љумњурии Тољикистон, ки аз љониби ВКД Љумњурии Тољикистон тасдиќ мегардад, раќами баќайдгирї гирифта мешавад. Вараќањои омории шаклњои дахлдор аз љониби судњо ба Сармаркази иттилоотй-тањлилии ВКД Љумњурии Тољикистон фиристонида мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки судя доир ба парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ омодасозии дахлдорро, ки дар моддаи 355 КМҶ пешбинӣ шудааст, ба анҷом мерасонад. Судя ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои таъини маҷлиси суд дар мӯҳлати то ҳафт шабонарӯз аз лаҳзаи ворид гардидани ариза ба суд вазифадор аст, шахсеро ки нисбати ӯ шикоят карда шудааст, даъват намуда, ӯро бо маводи парванда шинос кунад ва ҳуқуқҳои судшавандаро дар маҷлиси суд, ки моддаи 47 КМҶ пешбинӣ намудааст, фаҳмонад ва муайян кунад, киҳоро ба сифати шоҳид ва ҳимоятгар ба суд даъват кардан мумкин аст.