Раиси суди ноҳия
Сунатуллозода Умедҷон
Кормандони суди ноҳияи Данғара фаъолияти ба зимма доштаро тибқи нақшаи кори ба роҳ монда, дар ҷодаи ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини ҳифзу ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва таҳкими қонуният корҳои муайянро ба сомон расониданд.
Маќоми суди ноњия љињати роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба фаҳмондадиҳии мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои аз ин Паём бармеомада ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шахсии ноҳия новобаста аз шакли моликият корњои назаррасро ба анљом расонида истодааст.
Љиҳати баррасии қонунӣ ва саривақтии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва дархосту пешниҳодҳо аз ҷониби судяҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда, парвандаҳои зикршуда дар муҳлатҳои муқарарнамудаи қонун баррасӣ карда шудаанд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” аз ҷониби судяҳо, котибон, кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ гуш карда шуда, оиди ин дар Ҷамоату деҳотҳо бо сокинони ноҳияи Данғара вохурию суҳбатҳо гузаронидаанд.
Ҷиҳати амали намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» бо сокинони ноҳияи Данғара вохурию суҳбатҳо гузаронида шуда истодаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати дониши ҳуқуқии аҳолӣ парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкуниии маъмурӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шудаанд.
Инчунин бо мақсади баланд бардоштани фарҳанг ва дониши ҳуқуқи шаҳрвандон, вобаста ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ, хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта, судяҳои суди ноҳияи Данғара бо сокинони ҷамоатҳо ва муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохуриҳо гузаронида, дар воситаи ахбори омма баромадҳо намудаанд.
Инчунин дар ин давра аз тарафи судяҳои суди ноҳияи Данғара ҷамъбасти амалияи судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятӣ авбошӣ (моддаи 237 КҶ ҶТ), бо парвандаҳои гражданӣ оид ба марбутияти ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуқараркунанда, бо парвандаҳои оилавӣ оид ба зиёд намудани андозаи алимент, ки дар соли 2023 баррасӣ гардидаанд, гузаронида шудаанд.
Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пайваста суҳбату вохуриҳо баргузор мегардад. Дар вохӯрӣ судяи суди ноҳия Назирзода Нодир Ғайрат хусни ифтитох бахшида, мақсади баргузории чорабиниро ба ҳозирин шарҳ дода, оид ба нуқтаҳои асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Сипас судяи суди ноҳия Шукурзода Назокат Амонулло баромад ва суханронӣ намуда, иброз намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат аз таҳлили вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон, буҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ оғоз гардида, Пешвои миллат иброз намуданд, ки «дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамчунин тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон сухан рафта, аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки «то ҳанӯз сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии мардум паст мебошад.
Паёми пешвои муаззами миллатро ман њамчун Раиси суди ноњия мавриди тањлилу омўзиш ќарор дода, сабаби инро пеш аз ҳама, дар суст будани кори ташвиқоти қонуну қарорҳои қабулшуда мебинам. Яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон ва вайрон намудани меъёрҳои қонун аз ҷониби роҳбарони идораю корхона, муассисаҳои алоҳида ва шањрвандон маҳз надонистани қонун аст».
Хусусияти хоси санади мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ин санад моњияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дар њама соњањои њаёти љамъиятию давлатї фаро мегирад. Аз ин рў, тарњрезї ва амалинамоии ин сиёсат яктарафа – танњо аз љониби маќомоти иљроия дар симои Президенти мамлакат сурат нагирифта, он дар алоќамандї бо нињоду сохторњои дигари давлатї пеш аз ҳама дар ҳамкорӣ бо маќомотњои давлатї, хусусан њокимияти судї амалӣ мегардад.
Мо кормандони њокимияти судї бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ Паёми имсолаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро интизор будем. Зеро Паём саодатномаи миллат, меҳвари пешбарандаи ҷомеа, раҳнамои фаъолияту зиндагии мо ҷавонон буда, дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Дар воќеъ таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Суди ноњия ба фаҳмондадиҳии мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии оид Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои аз ин Паём бармеомада ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шахсии ноҳия новобаста аз шакли моликият корҳои тарғиботиву ташвиқоиро роњандозї намуда, истодааст, ки ин барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии сокинони ноњия мусоидат менамоянд.