Ҳуқуқвайронкунанда СС. санаи 01 апрели соли 2024 сол соати 15:40 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «Даево-Сиело» рақами қайди давлатиаш 1567 АТ 03 дар роҳи автомобилгарди ноњияи Данѓара банди 3.11 Қоидаи ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда, яъне барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштан саркашӣ карда ҳаракаташро давом додааст, ки аз тарафи нозири ХДР ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноњияи Данѓара боздошт гардида дар ин хусус нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда С.С.-ро бо моддаи 329 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштан воситаи нақлиёт банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди ноњияи Данѓараи вилояти Хатлон нисбати ҳуқуқвайронкунанда С.С. дар доираи раводиди моддаи 329 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.