Раиси суди ноҳия
Сунатуллозода Умедљон
Мардуми бостониву тамаддунсози тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд. Сокинони ин сарзамини фарҳангдӯсту адабпарвар маросиму оинҳояшонро на танҳо ҳифз кардаву гиромӣ доштаанд, балки дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти худ ба онҳо мазмуни нав ва сифатҳои башардӯстона зам намуда, беҳтаринашонро то даврони мо ба мерос гузоштаанд, ки нигоҳдориву арҷгузорӣ ба ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи ҳар як фарди соҳибватан мебошад.
Мактаб ва кормандони соҳаи маориф низ дар раванди амалӣ намудани талаботи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо нақши хешро бояд гузоранд. Доир ба масоили тарбия дар роҳи сарфакорӣ бузургони илму адаб панду андарзҳо ва андешаҳои зиёде доранд. Масалан, Унсурулмаолии Кайковус дар асараш «Қобуснома» зимни муроҷиат ба фарзандаш чунин меорад: «Исрофро душман дор ва шум дон. Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист. Дар хӯрдан ва гуфтан, дар ҳар шуғле, ки бошӣ, исроф набояд кард. Исроф танро бикоҳонад, нафсро бираҳонад ва ақлро заиф гардонад. Исроф зиндаро бимиронад».
Ҷойи шубҳа нест, ки анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба таҳлил ва танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки ҳисси худхоҳии инсонҳои алоҳида на як бору ду бор мушкилиҳои вазнинро ба дӯши тамаддунҳо ва давлатҳо вогузор намудааст. Аз ин хотир, сарчашмаҳои динӣ, адабӣ ва маънавии тамаддунҳо ба хотири тарбияи инсон дар роҳи дурусти зиндагӣ сарфаю сариштакориро тарғиб намуда, манъи исрофкорию худнамоиро таъкид доштаанд. Китобҳои осмонии Қуръону Забур ва Тавроту Инҷил сарфакориро дар қутбҳои мухталифи олам дар давраҳои муайяни таърихӣ таълим дода, инсониятро ба зиндагии орому муназзам ҳидоят кардаанд.
Дар сарзамини таърихии тоҷикон тамоми таълимотҳои динию фалсафӣ пайваста исрофкориро маҳкум карда, хайру саховат ва дастгирии байниҳамдигариро тарбият намудаанд. Ҳатто салтанатҳои бузурги Рим, Сосониён ва Сомониён ба хотири ҳимояи мардум аз исрофкорӣ ва анъанаҳои беҷо амру дастурҳои махсус ба тасвиб расонидаанд.
Фарҳанги исломии мо низ оғоз аз Қуръони Карим то ҳадису фатвоҳои бузургон ҷилавгирӣ аз сарфи беҷои молро таълим дода, исроф ва карру фарри зиёдатиро инкор кардааст. Худованди мутаъол исрофкориро манъ карда, исрофкунандагонро ба шайтонҳое шабоҳат медиҳад, ки мардумро ба гумроҳӣ мебаранд: «Ба ҳеҷ ваҷҳ исроф макун. Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд…».
Олими бузурги олмонӣ Гегел зикр намудааст: «Дар он ҷое ки карру фар ва серхарҷӣ ба авҷи аъло мерасад, дар нуқтаи дигари ҳаёти ҷамъиятӣ дар он рӯзгор талабот ва вайроншавӣ ба ҳамин сатҳ боло меравад, исрофкорӣ ва карру фарри зиёдатӣ дар ҷомеа бунёди ахлоқ ва маърифатро хароб мекунанд».
Бузургони мо Рӯдакию Фирдавсӣ, Ғаззолию Аттор, Саъдию Ҳофиз, Носири Хисраву Мавлонои Балхӣ исрофкорӣ, серхарҷӣ ва нозидану болидан аз моли дунёро амали нохуб ҳисобида, хоксорию накӯкорӣ ва ёрӣ ба ниёзмандонро аз амалҳои муҳими инсонӣ ва мусулмонӣ шумурдаанд. Фиқҳи ҳанафӣ ҳатто пӯшидани либосҳои зарҳалию фохирро амали номатлуб донистааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то қабули қонуни миллӣ ба ҳар оилаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд. Қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасонданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд.
Чи тавре, ки Пешвои миллат мўњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии худ 24 майи соли 2007 қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, таъкид карда буд, ки “Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем”.
Бояд зикр намуд, ки яке аз сабабҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз он иборат аст, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Бо таъсири чунин раванд дар минтақаҳои гуногуни кишвар маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд доштанд, вазнинтар гардондааст.
Чунин вазъ Њукумати кишварро водор месозад, ки аз ташаббуси қонунгузории худ истифода намуда, қонунеро, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат намояд, таҳия ва пешниҳод намояд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳо дар кишвар ба низом дароварда шудааст.
Мушоҳида мегардад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишварамон торафт боло рафта, фаъолнокии сиёсии онҳо афзуда истодааст, ки натиҷаи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти олии мамлакат ва ниҳодҳои дахлдор дар самти демократисозии ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Исботи ин гуфтаҳо иштироки фаъолона ва сартосарии мардум дар ҷараёни баррасиҳои озоду шаффофи такмили муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Аслан, ин санади қонунӣ ба ҳайси аввалин қонуни миллӣ дар таърихи қонунэҷодкунии замони соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ба як падидаи арзишманди ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати тақдирсози ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии аҳли ҷомеа табдил ёфта, аҳамияти сиёсии он низ барҷаста ва намоён аст.
Ҳақиқати яқин аст, ки андешаи таҳия ва қабули чунин қонуни роҳнамову чорасоз маҳсули тафаккури хирадмандона ва оянданигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро Пешвои миллат бо назардошти мушкилоти зоҳирпарастӣ ва зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросимҳо, ки бори зиндагии иҷтимоии мардумро сангин намуда буд, роҳи ислоҳи ин вазъ ва сабук сохтани рӯзгори мардумро дар танзими ин бахши ҳаёти ҷамъиятӣ тавассути истифодаи василаи қонунии он диданд.
Гузашти даҳсолаи ин иқдом ва ташаббуси бузургу қисматсози Пешвои муаззами миллат нишон дод, ки як масири оқилонаи танзими қонунии мушкилоту печидагиҳои анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шудааст, ки на танҳо дар дохили мамлакатамон ҳамраъйиву ҳамовозии пурра пайдо намуд, балки дар сатҳи кишварҳои хориҷӣ низ мавриди омӯзишу пайравӣ қарор гирифт. Зеро идеяи роҳандозии ин санади миллӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст. Аммо ҳар ҳарфу сатри қонуни танзим садои қалбу хоставу писандидаи мардуми бедордилу огаҳназари Тоҷикистон мебошад, ки даъвати Сарвари хешро бо нишони ҳамдилӣ содиқонаву самимона пазируфтанд ва онро роҳи наҷот аз вартаи бенизомиву хатокорӣ дар ташкилу гузарондани ҷашну маросимҳои миллӣ қабул намуданд.
Таҷрибаи маъмул аст, ки ҳар санади қонунӣ вобаста ба гузашти давр, тағйироту таҳаввулоти ҳаёти ҷамъиятӣ ва ниёзи замон такмил ёфта, посухгӯи эҳтиёҷоти рӯзмарра ва ояндаи мардум мегардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дар доираи ҳамин назарияи илмӣ бо сипарӣ шудани муҳлати ќариб ёздањ сол аз қабулу мавриди амал қарор доштани он бо назардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои нави аҳолӣ ба такмил зарурат пайдо намуд. Хусусан, мутобиқи тағйироти воридшуда нисбат ба баргузории маросими дафну азодорӣ сабукии хеле назаррас мавриди амал қарор гирифт. Чунки қаблан оилаҳои гирифтори мусибат, ки ягон шахси наздики худро аз даст дода буданд, бар замми таҳаммули мотаму андуҳи ба сарашон омада, бори сангини дигар — ташкили маъракаву додани таомро ба дӯш мегирифтанд, ки ба ягон қолаби фаҳмишу муносибати ахлоқӣ ва инсонӣ рост намеояд. Аз диди равонӣ низ шахси мотамзада бештар ба таскину таслият ва ҳамдардиву ғамшарикӣ эҳтиёҷ дорад, на ин ки мурдаву азодории худро монда, дар фикру ташвиши дарёфти маблағу хариди бозору оростани хони маъракаҳои «се», «чил», «сол» ва ғайра бошад.
Дар таърихи 11-08-2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуданд, ки таѓйиротњои воридгардида таќозои замон буд.
Лоиҳаҳои воридгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмили Қонуни амалкунанда таҳия гардида, дар он ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд.
Дар лоиҳаи воридгардида як қатор меъёрҳои наве пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост.
Дар лоиҳа тартиби нави гузаронидани хатнасур пешниҳод гардидааст. Мувофиқи таѓйироти воридгардида минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар ин маврид таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт омӯхта шуда, дар асоси ин омӯзиш пешниҳод манзур гардидааст.
Инчунин гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад.
Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда шудааст.
Ҳамаи ин таѓйиротҳо бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум пешбинӣ карда шудаанд. Дар як вақт ба падару модарон ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ дода шудааст, ки аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисобҳо кушоянд.
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, ҳуқуқ дода шудааст, ки бо риояи тартиби муқарраркардашуда ва бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
Ба моддаи 10 Қонуни амалкунанда, ки туи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, низ тағйирот ворид карда шуда, дар баробари дигар маъракаҳои манъшуда, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда шудааст.
Инчунин дар ин модда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Бояд қайд кард, ки ин ташаббус аллакай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст ва аз ҷониби мардум дастгирии худро ёфтааст.
Дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11 Қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд,ворид гардиданд. Мувофиқи ин таѓйиротњо тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда шудааст.
Инчунин бо мақсади ба низом даровардани гузаронидани маросими дафну азодорӣ тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад.
Дар вохӯрию баромадҳо мардум оиди адои маросими ҳаҷ низ пешниҳодҳои зиёд манзур намуданд. Бо назардошти ин дархостҳо ба моддаи 12 Қонун тағйирот ворид карда шуда, гузаронидани маъракаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда шудааст. Илова бар ин тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳангоми баррасии он таклифҳои шаҳрвандон ба инобат гирифта мешаванд.
Тағйиротҳои назаррас ба моддаи 14 Қонун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, ворид гардидаанд. Дар он дар асоси шартнома расонидани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тую маъракаҳо масъул мегарданд.
Аз ҷониби сокинони мамлакат, бахусус сокинони деҳот таклифҳои зиёд оид ба вақти баргузории тую маросим ворид гардиданд. Бо назардошти ин таклифҳо ба моддаи 14 Қонун тағйирот ворид гардидааст, ки мувофиқи онҳо тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин ба Қонун меъёрҳои нав дар хусуси баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти он ворид гардида, онҳо вазифадор карда шудаанд, ки мақоми ваколатдоро доир ба баргузории тӯи домодию арусӣ ва маросими азодорӣ хабардор намуда, онҳоро дар доираи талаботи Қонун гузаронанд.
Ҳамзамон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд.
Тибқи таҳлилҳо аксари мардум бар он ақидаанд, ки талаботи Қонуни мазкурро бештар шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд.
Бо назардошти ин ҳолат ба Қонун меъёри нав ворид гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Ҳамчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор низ тағйиру иловаҳо ворид гардида, ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шуданд.
Аз ҷумла, мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баланд бардошта шудааст. Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.
Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбати онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим низ ҷавобгари пешбинӣ гардида, ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондчяиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Дар таҷрибаи фаъолияти хизматии судӣ низ борҳо шоҳиди он мешавем, ки ҳангоми ташкилу гузарондани маъракаҳои хонадоршавӣ харҷи зиёдатӣ ва бемеъёр, ки гоҳо бо маблағҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд, сабабгори барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон, баҳсҳои судӣ сари тақсими моликият, маблағҳои пулӣ, маскун намудан дар манзили истиқоматӣ ва ғайра мегардиданд. Бинобар ин, тағйиру иловаҳои воридгардида зарурати ҳаётӣ ва тақозои замон буда, аслу решаи онҳо роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо, манъи баъзе маросимҳо бо мақсади беҳбудии вазъи иҷтимоӣ, пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Рӯ овардан ба қудрати қонун дар ҳалли мушкилоти мубрами зиндагии аҳли ҷомеа шеваи амали хосси мардуми накузамир ва поктинат аст. Шаҳрвандони сарфарози Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ин роҳ боз як қадами ҷиддӣ барои раҳоӣ аз чанги таассубу хурофот гузошта, азм намуданд, ки бо навҷӯиву тозакорӣ ба сӯи саодати фарогиртари миллӣ ҳаракат хоҳанд намуд.