МУТТАҲИДӢ ВА ЯКДИЛӢ


Ваҳдат калимаест, ки шахсро ба ягонагӣ, муттаҳидӣ ва якдилӣ даъват менамояд. Инсоният бидуни он ба мартабаи имрўзаи хеш расида наметавонад. Маҳз ваҳдат инсониятро ба беҳтарин тараққиёти ноил мегардонад.Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқ ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани азизамон мебошад. Ваҳдати миллӣ ва баҳамоии тоҷикон аз фарҳангу хиради азалӣ ва сулҳпарваронаи ин миллат гувоҳӣ дода, аз муқаддасоттарин арзишҳое мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст. Сарвари давлат бар дўши худ вазифаи басо пурмасъулият — хомўш намудани оташи ҷанги шаҳрвандиро бар зимма гирифтанд ва хушбахтона, онро бо сарбаландӣ иҷро намуданд. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва авфу ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанўз дар рўзи аввал интихоб шуданашон ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ўро ташкил намуданд.
Халқи тоҷик хидмати таърихии фарзанди содиқи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сипосгузорӣ пазируфт, ҷаҳон ба фазилати тоҷик, Сарвари хирадманди ў қоил шуд ва сабақи таърихии таҷрибаи сулҳи тоҷиконро эътироф кард. Бо қомат афрохтан ва устувор гардидани пояҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки ба шарофати иттиҳоди маънавию сиёсии тоҷикон — ваҳдати миллӣ ба вуқӯъ пайваст, армони ҳазорсолаи миллати тамаддунбунёди тоҷик бароварда гардид.
Таърих дигарбора аҳамият, эъҷоз, мақоми волотарин доштани ваҳдатро дар чашми ҳар тоҷикистонӣ таҷалло дод. Таърих сабақ дод, ки ваҳдатофаринӣ, ваҳдатгароӣ, ваҳдатро, бояд рисолат, вазифаи ҳамарўзаи ҳар фарди ин Ватан бошад.
Сулҳ, оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгари аст.Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон, ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар қиёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрўз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфамӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳудӣ меорад.
Ба ақидаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад, аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.
Маҳз бо кўшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гашт, мамлакат обод шуд ва имрўз дар чеҳраи ҳар фарди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор аст. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдўст, фарҳангпарвар, бунёдкор мебошад. Пояи сулҳу ваҳдат дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гардид, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ гашт.
Сунатуллозода Умедҷон,
Раиси суди ноҳияи Данғара.