Мувофиқи банди 12.”Б” Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба ронанда идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ (мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва монанди инҳо), таҳти таъсири доруҳое, ки таассур ва диққатро суст мекунад, дар ҳолати беморӣ ё хастагӣ, ки ба бехатарии ҳаракат таҳдид намояд манъ карда шудааст.
Дар сурати вайрон намудани талаботи мазкур тибқи модда 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ муқаррар мекунад.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳастан нафароне, ки дидаву дониста дар ҳолати сархушӣ ба сари чамбараки автомашина нишаста онро идора мекунанд.
Санаи 18-марти соли 2024 соати 12-30 дақиқа ҳуқуқвайронкунанда У.З. дар ҳолати мастӣ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” рақами қайди давлатиаш 4321 СС 03 дар ҳудуди ноњияи Данѓара идора намудааст.
Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда У.З.-ро бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои барои идора намудани воситахои нақлиёт дар ҳолати мастӣ муқаррар мекунанд банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.
Бо қарори суди ноњияи Данѓараи вилояти Хатлон нисбати ҳуқуқвайронкунанда У.З. дар доираи раводиди моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт таъин карда шуд.