ОДАМРАБОӢ ВА ҶИНОЯТҲО ВОБАСТА БА САВДОИ ОДАМОН. ОБЕЪКТ, МАҚСАД, АНГЕЗА, ОҚИБАТ ВА ҶАЗОИ ИН НАВЪ ҶИНОЯТҲО (М 130 … КҶ)

Судяи суди ноњия
Шукурзода Назокат Амонулло

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки хариду фурӯши одамон (ки онро трафик низ меноманд) дар шаклҳои гуногуни зуҳури худ (истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ, ғуломии маишӣ, ҷалб намудан ба иқтисодиёти ниҳонӣ ва ғайра) яке аз шаклҳои барои инсоният хатарноки фаъолияти ҷинояткоронаи муташаккил ва вайронкунии ҳуқуқи инсон мебошад.
Аз рӯи иттилооти намояндаи САҲА оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон Хелги Конрад, ҳамасола танҳо ба давлатҳои Аврупо аз 200 то 500 ҳазор нафар одамон интиқол дода шуда, ба қурбониёни хариду фурӯши одамон шомил мегарданд; 60 фоизи онҳоро занҳо ва 40 фоизашонро мардҳо ташкил медиҳанд. Дар Россия бошад, мутобиқи иттилооти хонум Конрад, ҳамасола то 40 ҳазор нафар шахсон қурбонии хариду фурӯши одамон мешаванд. Тибқи Департаменти давлатӣ ИМА, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 700 ҳазор нафар одамон фурӯхта ва тавассути сарҳадҳои давлатӣ интиқол дода мешавад. Аз рӯи баҳодиҳии созмони ғайриҳукуматии байналмилалии Anti-Slavery International дар ҷаҳон зиёда аз 27 миллион одамон ба таври воқеӣ ғулом мебошанд.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва омӯзиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд нишон доданд, ки чун қоида объекти савдои одамонро занон, ноболиғон ва кӯдакони навзод ташкил медиҳанд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза ба муқобили савдои одамон иқдомҳои мушаххасро пеш гирифтааст, ки дар ин радиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» аз 15 июли соли 2004 таҳти №47 қабул гардид, ки вазифаҳои он танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки аз мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон бармеоянд; огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии фаъолияти хариду фурӯши одамон ва ҳадди ақал расонидани оқибатҳои он; барқарорсозии ҷисмонӣ, психологӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шахсоне, ки аз хариду фурӯши одамон ҷабр дидаанд; муҳофизати шахс, ҷамъият ва давлат аз хариду фурӯши одамон ба шумор меравад.
Бо тањрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26 июли соли 2014, №1096 ќабул гардида, снади муњим дар самти мубориза бар зидди савдои одамон мебошад.
Бо маќсади густариш додани мубориза бар зидди савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №55 «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» тартиб дода шуда, мавриди амал ќарор дошта, Наќшаи миллии мазкур зиёда аз 75 чорабинињо оид ба пешгирии савдои одамонро пешнибї намудааст.
Аз он љумла:
-Гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ноболиғон, ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади огоҳонидани шаҳрвандон вобаста ба оқибатҳои савдои одамон.
— Баргузор намудани муколамаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо иштироки намояндагони Маркази муқовимат ба савдои одамони ВКД, Маркази таълимии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ва ташкилотҳои ҷамъиятии шабакаи «Умед»
-Тайёр ва баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии шахсони масъули муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон.
-Омўзиш ва баррасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории ҷорӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-Гузаронидани мизи мудаввар дар мавзуи «Хавфнокӣ ва оқибатҳои савдои одамон».
-Намоиши силсилафилмҳои иттилоотӣ дар мавзўи «Пешгирии савдои одамон».
-Таҳия, чоп ва паҳн намудани овезаҳо, навиштаҷотҳои таблиғотӣ, тақвимҳо, китобчаҳо, дигар маводи тақсимотии хусусияти иттилоотии таблиғотӣ ва маърифатидошта оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон.
-Ҷоннок намудани фаъолияти шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои электронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ҷой додани чорабиниҳо дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба иттилоот дар ин самт.
-Ба касбомўзӣ фаро гирифтани қурбониёни савдои одамон.

Ба савдои одамон таваҷҷуҳи кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ дар оғози асри 21 ҷиддитар гардид. Дар соли 2000 Маҷмаъи кулли СММ Протоколи ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва мубориза бо онро қабул кард, ки ба номи Протоколи Палермо ва ё Протоколи савдои одамон маъруф аст. То анҷоми соли 2016 шумораи кишварҳое, ки ин санади муҳимми СММ-ро эътироф карда буданд, ба 170 расида буд. Тоҷикистон низ ҳанӯз дар соли 2002 ба ин шумор пайваста буд.
Тибќи талаботи моддањои 130, 130 иловаи 1, 167 ва 181 КЉ ЉТ љавобгароии љиноятї барои љинояти одамрабої, савдои одамон, савдои кўдакон аз панљ то 15 сол муќаррар намуда, чунин категорияи љиноятњо тибќи талаботи моддаи 18 КЉ ЉТ ба категорияи љиноятњои вазнин ва махсусан вазнин шомил мешаванд.
Дар эзоњњои моддањои 130, 130 иловаи 1, 167 ва 181 КЉ ЉТ меъёри њавасмандкунанда буда, шахси содирнамудаи кирдорҳои дар ќисмњои якум ва дуюми моддањои дар боло нишондодашуда, ки ихтиёран ба мақомоти дахлдор хабар дода, ќурбонии савдои одамон, кўдакон ва шахси гаравгонгирифтароро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз љавобгарии љиноятӣ озод карда мешавад.