Шанбегии дастаљамъона дар суди ноњия

Бо дастури Раиси суди ноњияи Данѓара, муњтарам Сунатуллозода Умедљон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Суди Олии Љумњурии Тољикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суд Сунатуллозода У., судя Назирзода Н.Ѓ., ва кормандони дастгоњи суд бо дарки баланди масъулияти ободонию созандагӣ ва истиқболи сазовори ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тозаю озода намудани муҳит ва гирду атрофи бинои суди ноњия шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Зикр бояд кард, ки дар суди ноњия корҳои ободонӣ тавассути ташкилу баргузории ҳашару шанбегӣ, аксия ва дигар чорабиниҳои аҳамияти тарбиявию маърифати экологидошта пайваста идома дода мешавад. Шанбегию ҳашарҳои дастаҷамъона дар суд доимӣ буда, аҳли кормандони дастгоњи суд дар тозаву озода намудани муҳиту атроф ва ба ин васила дар ободию зебогардонии ноњия ва кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.