ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ НОХИЯИ ДАНГАРА

Санаи 23-юми ноябри соли 2023 дар толори суди нохия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, раиси суд и нохия мухтарам Сунатуллозода Умедчон аз таърихи парчамдориву ифтихор аз ин рамзи давлатӣ суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, судяхо Шукурзода Назокат Амонулло ва Назирзода Нодир Гайрат доир ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда, инчунин, лаҳзаҳои барафрохта шудани Парчами давлатӣ маърӯза намуданд.