Судяи суди ноҳия Чиллазода А.Қ.
Ҳануз 44 сол муқаддам табиби амрикои Лютер Терри расман дар расонаҳои хабарии замони худ эълон карда буд, ки тамокукашӣ барои саломатии инсон хатари ҷиддӣ дорад. Имрӯз низ мутахассисон ин гуфтаҳоро тасдиқ намуда ҳатто муайян сохтаанд, ки кашидани тамоку ба чӣ гуна касалиҳо оварда мерасонад. Дар натиҷаи гузарондани тадқиқотҳо мутахассисони соҳаи тиб муайян карданд, ки тамоку дар таркиби худ моддаҳои заҳрноки никотин ва қатрон дорад. Қатрон мањсулоти зањрноки сўзандаи тамоку, ки њангоми сўхтани он њосил шуда, боиси пайдошавии бемориҳои роҳи нафас, дил, саратон ва вайрон шудани таркиби хун мегардад.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истењсол, воридот, содирот, фурўши яклухт ва чаканаи мањсулоти тамокуе, ки дар таркиби он никотин ва ќатрон аз меъёрњои гигиении тасдиќнамудаи маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи тандурустї зиёд мебошанд, манъ аст. Нишондињандањои таркибии моддањои зараровари маҳсулоти тамоку аз меъёрњои зерин зиёд буда наметавонанд:
• барои сигаретањои бо дудполо (бо филтр) — дар таркиби дуди онњо 14 миллиграмм ќатрон ва 1,2 миллиграмм никотин ба як сигарета;
• барои сигаретањои бе дудполо (бе филтр) – дар таркиби онњо 16 миллиграмм ќатрон ва 1,3 миллиграмм никотин ба як сигарета.
Мутаассифона ҳоло дар ҷумҳурӣ нишондињандањои моддањои таркибии зараровари маҳсулоти тамоку аз мадди назари истењсолкунандагон, ва воридкунандагони он дур монда, дар ин самт назорати маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи тандурустї низ мавҷуд нест ва таркиби дуди онҳо то 20-25 миллиграмм ќатрон ва аз 2-2,5 то 3-3,2 миллиграмм никотин ба як сигарета мерасад.
Аслан тамокукашӣ дар Аврупо аз асри XVl, баъди кашф гардидани қитъаи Америка, паҳн гардида буд. Дар ибтидо тамокукашӣ воситаи табобат буд. Бонги изтироб дар қарибӣ, баъди кашфиётҳое, ки нақши тамокукаширо дар паҳншавии бемориҳои зиёд, аз қабили бемориҳои дилу меъда ва саратон, тасдиқ карданд, зада шуд.
Аз рӯи маълумотҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ феълан 1,3 миллиард нафар аҳолии сайёра гирифтори дарди тамокукашӣ мебошанд. Тамокукашӣ дар ҳар шаш сония боиси ба ҳалокат расидани як нафар одам мегардад. Агар дар тамоми давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 50 миллион нафар аҳолии сайёра нобуд шуда бошанд, пас ҳоло дар даврони сулҳу оромӣ дар натиҷаи тамокукашӣ ҳар сол 6 миллион нафар одам ба ҳалокат мерасанд.
Дар ин раванд равоншиносон мегуянд, ки муаммои тамокукашӣ на танҳо проблемаи тиббӣ аст, балки ҷихатҳои равонӣ низ дорад. Ба гуфти онҳо дар натиҷаи кашидани тамоку асаби инсон то андозае хароб шуда боиси фаромушхотирӣ ва зуд-зуд асабонӣ шудани истеъмолкунандагони он мегардад.
Табибон ҳамчунин мегӯянд, ки яку якбора аз тамокукашӣ даст кашидан ҳам ба окибатҳои нохуш оварда мерасонад.
Мутаассифона имрузхо мушоҳида кардан мумкин аст, ки шумораи тамокукашон аз ҳисоби наврасону ҷавонон хеле зиёд гардидааст, ки ин боиси ташвиш аст. Инчунин ба тамокукашӣ ҳатто занон ҳам рӯ овардаанд. Чаро? Бо чӣ сабаб? Охир ҳама медонанд-ку сигоркашӣ ба саломатии инсон зарар дорад. Бо вуҷуди ин мекашанд. Ҳангоми пурсиш дар кучаҳои шаҳр мо посухҳои гуногун гирифтем. Яке мегуяд, ки инро аз руйи ҳаваси кучагӣ ва чун одати муваққатӣ мекашанд, дигаре мегуяд, ки бо ин васила асабонашро ором мекунад, ва саввумин инро чун пристиж мешуморад.
Маркази омӯзиши афкори ҷомеаи Русия ҳангоми гузаронидани пурсиш байни шахсони аз 18 сола боло сабабҳои маъмули ба сигоркашӣ рӯ овардани занону мардонро чунин муайян сохтааст: 50 нафар ҷавоб додаанд, ки аз руйи одат сигор мекашанд. Баъзеҳо барои ором кардани асаб, қисми дигар барои гарм кардани суҳбат, 33 нафар ҷавоб додаанд, ки барои истироҳат ва 30 нафар барои аз фикрҳои бад дур шудан ба сигоркашӣ рӯ овардаанд. Ҳамчунин 24 нафар гуфтааст, ки дар вақти танаффус аз кор ва барои қонеъ кардани талаботи худ, 22 нафар ҷавоб додаанд: барои он ки ҳама дар гирду атроф сигор мекашанд, 18 нафари дигар барои худро калонсол нишон додан, 13 нафар барои он ки таъм ва буйи тамоку писандашон омадааст.
Бо назардошти зарари тамоку ба саломатии инсон, ҳамчунин ифлос кардани муҳити зист дар қатори бисёр мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон (ИМА, Германия, Япония, Испания, Белгия, Италия, Канада, Шветсия, Финляндия, Туркия ва ғайра) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 29 декабри соли 2010 Қонун «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардид.
То имрӯз бо роҳҳои гуногун бар зидди тамокукашӣ мубориза мебаранд. Масъалан дар парлумони Қирғизистон қонуне мавриди муҳокима қарор дорад, ки мутобиқи он ҳар як шахси аз 18 сола боло бадъ аз харидорӣ намудани ду чипта ба дилхоҳ театри кишвар баъдан ҳуқуқи харидорӣ намудани тамокуро пайдо мекунад. Инчунин имсол дар Ҷумҳурии Туркманистон қонун дар бораи «ман кардани фурӯши маҳсулоти тамоку» қабул карда шуд. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қабули қонуне ниёз дорад, ки мутобиқи он хариду фӯруши бе маҳдуди маҳсулоти тамоку манъ карда шавад ва аз ҳар як шахси тамокукаши аз 18 сола боло пеш аз харидорӣ намудани тамоку ба суратҳисоби хонаи бепарасторон ва ё ба хонаинтернатҳо пардохтани маблағи муайян талаб карда шавад.
Дар бисёр давлатҳои пешрафтаи Аврупо, ҳамчунин Русияву Тоҷикистон кашидани тамокуро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ кардаанд. Аммо касе кафолат дода наметавонад, ки бо қабул гардидани қарору фармонҳо ва қонунҳо, шумораи тамокукашон кам мешавад. Зеро ин аз иродаи мустаҳками ҳар як шахс вобаста аст.
Инчунин бояд қайд кард, ки дар вақти то хонда ба итмом расонидани мақолаи мазкур дар дунё зиёда аз 68 нафар шахсони тамокукаш ҳаёти худро аз даст медиҳанд.