Аломатҳои таркибии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Судяи суди ноҳия Сунатуллозода Умедҷон

Аломатњои таркибии њуќуќвайронкунии маъмурї

Объект ва тарафи объективии њуќуќвайронкунии маъмурї

Њуќуќвайронкунии маъмурї дорои таркиби хос мебошад, ки онњо инњоянд: объект, тарафи объективї, субъект ва тарафи субъективї.
Объекти њуќуќвайрокунии маъмурї — он муносибатњои љамъиятии њифзшаванда мебошанд, ки дар доираи фаъолияти идоракунии давлатї бавуљуд меоянд, таѓйир меёбанд ва ќатъ мегарданд, ки тавассути маъёрњои маъмурї ва баъзан меъёрњои њуќуќи конститутсионї, молиявї, гумрукї, оид ба замин, об, љангал, экологї, мењнатї ва ѓайра танзим карда мешаванд.
Инчунин ба сифати объекти њуќуќвайронкунии маъмури, шахсият њуќуќ ва озодињои шањрванд, тартиботи љамъиятї ва давлатї, моликият бехатирии љамъиятї, ва тартиботи идоракуни дохил мебошад.
Тарафи объективї — шакли зоњиршавии амали њуќуќвайронкунандаи маъмуриро нишон медињад, ки он дар намуди амал ё беамалї зоњир мешавад. Њамеша тарафи объективї дар намуди мушаххас зоњир мешавад. Масалан, содир намудани майдаавбошї — дар љойњои љамъиятї дашном додан, ба таври тањќиромез дарафтодан ба одамон, њамчунин содир намудани дигар кирдорњои ба ин монанд, ки тартиботи љамъиятї ва осудагии одамонро халалдор мекунад (м.460 КЊМ ЉТ) ва ѓайра.

Субъекти њуќуќвайрокунии маъмурї
Субъекти њуќуќвайрокунии маъмурї шахсони воќеї ва њуќуќї мебошанд.
Субъекти умумии њуќуќвайронкунии маъмурї шахсони воќеии мукаллафи дар рузи содир намудани кирдор ба синни 16 сола расида мебошанд.
Тањти мафњуми шахсони воќеї тибќи м.27 КЊМ ЉТ шањрванди Љумњурии Тољикистон, шањрванди хориљї ва шахси бешањрванд фањмида мешавад. Ва барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ин шахсон тибќи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ба љавобгарии маъмурї кашида мешаванд, ба шарте, ки дар Кодекси мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон тартиби дигар муќаррар нашуда бошад.
Агар шахси воќеъї бинобар касалии рўњї кирдори худро дарк ва рафторашро идора карда натавонад арчанде синни ў ба 16 солагї расида бошад, яъне номукаллаф бошад, ба љавобгарии маъмурї кашида намешавад.
Шахси њуќуќї барои њуќуќвайронкунии маъмурї танњо дар њолатњое, ки бевосита дар моддањои дахлдори ќисми махсуси Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї пешбинї гардидаанд, ба љавобгарии маъмурї кашида мешавад. Шахси њуќуќї њамчунин метавонад барои кирдори (амал ё беамалии) шахси воќеие, ки дар содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї гунањкор дониста шудааст, ба љавобгарии маъмурї кашида шуда, дар њаќќи онњо љазои маъмурї татбиќ гардад, ба шарте, ки муќаррар карда шавад, ки ин шахси воќеї њамчун намояндаи (узв, роњбар) шахси њуќуќї кирдори ѓайриќонуниро ба манфиати онњо содир кардааст.
Номукаллафї ин њолати рўњие мебошад, ки шахси воќеї њангоми содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї бар асари бемории рўњии доимї, парешонии муваќќатии рўњї, заъфи аќл (сустаќлї) ва ё њолати дигари бемории рўњї хусусияти воќеї ва зиддињуќуќии кирдори (амал ё беамалии) худро дарк ё онро идора карда наметавонад.
Аз ин рў, бояд зикр намуд, ки номукаллафї ин на худи беморї (касалї) аст, балки њолати роњие мебошад, ки дар натиљаи он шахсро аз дарк намудан ва идора курдани рафтору кирдораш мањрум месозад.
Субъектони махсуси њуќуќвайрокунии маъмурї — шахсони мансабдор ва шахсони ба онњо баробаркардашуда, инчунин падару модар ё дигар намояндагони ќонунии ноболиѓон, омўзгор ё дигар корманди муассисаи таълимї ё тарбиявї мебошанд.
Шахси мансабдор дар сурати содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ба сабаби иљро накардан ва ё номатлуб иљро кардани ўњдадорињои хизматиаш ба љавобгарии маъмурї кашида мешавад (м.29 КЊМ ЉТ).
Тањти мафњуми шахсони мансабдор мувофиќи КЊМ ЉТ шахсоне фањмида мешаванд, ки ба таври доимї, муваќќатї ё дар асоси ваколатњои махсус вазифањои намояндаи њокимияти давлатиро анљом медињанд, инчунин шахсоне фањмида мешаванд, ки дар маќомоти давлатї ва худидоракунии мањаллї, дар Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, дигар ќўшунњо ва сохторњои њарбии Љумњурии Тољикистон ваколатњои ташкилию амрдињї ва маъмурию хољагиро иљро менамоянд.
Роњбарон ва кормандони ташкилотњо, ки дар робита ба иљрои ўњдадорињои ташкилию амрдињї ва маъмурию хољагї њуќуќвайронкунии маъмуриро содир намудаанд, инчунин шахсони воќеие, ки фаъолияти худро дар асоси шањодатномаи баќайдгирї ба сифати соњибкорони инфиродї анљом медињанд, њамчун шахсони мансабдор ба љавобгарии маъмурї кашида мешаванд, ба шарте, ки дар ќонун тартиби дигар муќаррар нагардида бошад.
Падару модар ё дигар намояндагони ќонунии ноболиѓон, омўзгор ё дигар корманди муассисаи таълимї ё тарбиявї њачун субъекти махсуси љавобгарии маъмурї барои иљро накардани ўњдадорињои парасторї, тарбиявї, таълимї, њимояи њуќуќ ва манфиатњои ноболиѓон дар сурати набудани љиноят ба љавобгарии маъмурї кашида мешаванд (м. 90 КЊМ ЉТ).
Субъекти хоси љавобгарии маъмурии хизматчиёни њарбї ва шахсони дигаре, ки дар њаќќи онњо оинномањои интизомї татбиќ мегарданд, мебошанд.

Тарафи субъективии њуќуќвайронкунии маъмурї

Тарафи субъективии њуќуќвайронкунии маъмурї дар гунањгорона содир намудани кирдор ифода меёбад. Гуноњ, чуноне дар боло зикр намудем, ин муносибати руњии шахс ба кирдораш буда, он тарафи равонии кирдорро нишон медињад, ки дар шакли гуноњ ё беэњтиётї зоњир мешавад, ки мазмуни ин шаклњои гуноњро дар боло зикр намудем.
Илова бар он метавон ќайд намуд, ки беэњтиётї вобаста ба дараљаи дарккунии субъект ва дигар омилњое, ки ба тарафи равонии ў таъсир мерасонанд ба ду намуд — худбоварї ва бепарвої зоњир мешавад.
Дар худбоварї шахс ба омилњои объективї — омилњои табиї (масалан сардї, ки гўё техника гарм намешавад, зеро системаи хунуккуниаш кор намекард, дар натиља сухтор рўх дод), техникї (аз рўи хусусият худро нигоњ медорад ё њифз менамояд, масалан, тормози автокран, автомашина, зеристгоњњои барќї, худкори њисобкунакњои барќї ва ѓайра) умед мебандад ва гўё оќибати бавуљудояндаро рафъ карда метавонанд. Ва њатто амал ва иќдомњоеро ба кор мебарад, ки онњо нокифоя ё сариваќтї намебошанд. Биноан ба чунин оќибат рўх медињад.
Дар бепарвої бошад, акси њол аст, ягон тадбир намеандешад ва гўё чунин мепиндорад, ки барои ў андешидани ягон амал ё тадбир бетафовут мебошад, маќсад намегузорад, ки чунин оќибат рух дињад, хуб мефањмад, ки чунин оќибат ба миён омаданаш мумкин аст, вале сабуксорона рафтор намуда, бепарвоёна муносибат менамояд.
Гуноњи шахсони њуќуќї барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї бояд чунин муќаррар карда шавад, ки он барои риояи меъёру ќоидањое, ки тибќи КЊМ ЉТ барояшон љавобгарии маъмурї пешбинї гардидааст, имконият доштанаш муќаррар шуда бошад, вале барои риояи онњо на њамаи чорањоро андешидаанд.

Мисол. Шањрванд Чойлобов Ч.Ч. санаи 10.11.2017 сол тахминан соати 19:25 дақиқа дар н. Чинорбоѓ воситаи нақлиёти тамғаи «Опел Астра» рақами қайди давлатиаш 9028 ВТ 03-ро, ҳангоми ҳаракат намудан банди 2.7 Қоидаи ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда, яъне дар ҳолати мастӣ, ки ин ҳолат ба бехатарии ҳаракат таҳдид мекунад идора намудааст.
Дар натиҷа зимни боздошт ҳолати мастии ӯ аз ҷониби нозири ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н. Чинорбоѓ ошкор карда шуда нисбаташ протокол тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда ба суд ирсол карда шуд.
Нисбати ҳуқуқвайронкунанда Чойлобов Ч.Ч. бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.

Мисол. Шањрванд Чойлобов Ч.Ч. санаи 20.10.2017 сол соати 16:48 дақиқа автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс –Вито» рақами қайди давлатиаш 3427 СР 03-ро дар роҳи автомобилгарди н. Чинорбоѓ бе рақами қайди давлатии пеш идора намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби корманди ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноњияи Чинорбоѓ боздошт гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда ба суд ирсол карда шуд.
Нисбати ҳуқуқвайронкунанда Чойлобов Ч.Ч. бо моддаи 312 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.

Мисол. Чойлобов Ч.Ч. санаи 25 апрели соли 2017 дар гузаронидани амалиёти «Хориҷиён» дар ҳудуди ноњияи Чинорбоѓ аз тарафи кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноњияи Чинорбоѓ шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чойлобов Ч.Ч., боздошт гардида, зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои ӯ маълум гардидааст, ки номбурда аз соли 2012 то инҷониб бе қайдгузори дар ҳудуди ноњияи Чинорбоѓ, кӯчаи Марказї, хонаи 10, истиқомат намуда. Номбурда бар хилофи тартиби муқарраркардаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №218 аз 15.05.2009 сол «Дар бораи буду боши шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал карда, қоидаҳои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда, дар ҳудуди ноњияи Чинорбоѓ бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии будубош истиқомат кардааст, яъне аз рӯзи омаданаш шиносномаи худро дар қайди Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноњияи Чинорбоѓ нагузоштааст, ки дар ин хусус аз ҷониби ваколатдори хадамоти муҳоҷирати ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноњияи Чинорбоѓ барои вайрон кардани талаботи моддаи 499 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмури тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда ба суд ирсол карда шуд.
Нисбати ҳуқуқвайронкунанда Чойлобов Ч.Ч. бо моддаи 499 қисми 1  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.